Ба сохтмончиёни НБО-и «Роғун» барои истироҳат дар осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ 300 роҳхат ҷудо карда шуд![]() ![]() Дар оғози сафар масъулини мудирияти идоракунандаи неругоҳ бо меҳмонон мулоқоти корӣ анҷом дода, оид ба ҷараёни сохтмон, шароити кору истироҳати сохтмончиён, масъалаҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ ва меҳнат дар иншооти сохташаванда ва масъалаҳои шарикӣ бо ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касабаи НБО-и мазкур табодули афкор намуданд. Меҳмонон аз қитъаҳои сохтмонӣ дидан ва бо сохтмончиёни ин иншооти аср суҳбат карданд. Дар доираи сафари корӣ аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои сохтмончиёни ин боргоҳи нур дастархони идона ороста шуда, баҳри болидаруҳии онҳо ва бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир намоиш дода шуд. Дар фарҷоми ҷамъомад як зумра кормандони фаъоли неругоҳ бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |