16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

НАВРӮЗ ҶАШНИ ОБОДКОРИВУ СОЗАНДАГИСТ. Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиши идона доир карда шуд

100
НАВРӮЗ ҶАШНИ ОБОДКОРИВУ СОЗАНДАГИСТ. Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиши идона доир карда шудДирӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази мазкур хабар доданд.

Роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ зимни ҳамоиш иброз намуданд, ки Наврӯз ҷашни бостонии ниёгони мост, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин идҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб рафта, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ, файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон неруву илҳоми тоза мебахшад. Наврӯз бо нақши созандаи хеш одамонро ба киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хулоса, оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд.

Таъкид гардид, ки мардуми тоҷик ин ҷашни азизу муътабар ва муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд. Тамоми ойинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун сарчашмаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.

Ба гуфтаи иштирокдорони ҷамъомад, Наврӯзи имсола аҳамияти хос дорад, зеро таҷлили он дар рӯзҳое сурат мегирад, ки мардуми ҳимматбаланду бунёдкори мо сохтмони иншооти барои Ватанамон тақдирсозро майдони кору пайкори созанда эълон карда, барои вусъати тоза бахшидан ба бунёдкорӣ ҳама чун як тан камари ҳиммат бастаанд. Мардуми ватанпараст, бунёдкор ва заҳматпешаи Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои олии миллӣ неруи худро дареғ нахоҳад дошт ва мо бо истифода аз тамоми имконияти молиявию моддӣ, азму иродаи қавӣ ва неруи тавонои халқи шарафманду ободгарамон ба ин ҳадафҳои олӣ ноил хоҳем гашт.

Дар идомаи ҳамоиш ба чанд нафар кормандони Марказ барои фаъолияти назаррас сипоснома супорида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво