16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил мегардад

164
Дар Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил мегардад18 март бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дар бозори «20 ‐ солагии Истиқлолият» фурӯши чорвою паранда доир мегардад. Ин нукта дар ҷаласаи назди роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Дар ҷаласа роҳбарияти вилоят масъулинро ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои наврӯзӣ вазифадор намуд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки 23 март Наврӯзи вилоятӣ дар Боғи фарҳангӣ ‐ фароғатии шаҳри Хоруғ ва гӯштини миллӣ 24 март дар варзишгоҳи марказӣ доир карда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво