24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ

380
Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣМуҳтарам сохтмончиён, меъморон, лоиҳакашон, муҳандисон ва собиқадорони соҳа

Фарорасии иди баҳори нозанин – Наврӯзи Аҷамро ба ҳамаи Шумо ҳамкасбони гиромӣ, созандагони ин Ватани зебои биҳиштосо самимона табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳатии комил, хонаи обод ва барои иҷрои вазифаи пурмасъул дар роҳи рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбиву муваффақият орзу менамоям.

Маҳз бо ташаббусу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархунда ва падидаи нодиру бузурги табиат, таҷассумгари рамзи рӯшноӣ ва тантанаи адолату накӯкорӣ - Наврӯз ҷаҳонӣ гардид.

Имрӯз мардуми шарифи кишвар ба хотири ободии Тоҷикистони азиз ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш бо як дилгармии хоса зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азму талош доранд.
Воқеан, Тоҷикистони азиз ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба сӯи ояндаи дурахшон бо қадамҳои устувор пеш меравад ва миллати бостонии мо аз фардои орому осудаи худ дилпур мебошад.

Умед дорам, ки Наврӯзи ҳуҷастапай имсол ба мардуми тамаддунофару соҳибфарҳанги мо, ҷиҳати мунаввар намудани роҳи аҳли ҷомеа барои вусъати ободкории Ватани азизамон муждаҳои тоза меорад, моро дар иҷрои корҳои созандагӣ рӯҳу тавони тоза мебахшад ва барои ҳар як сокини ин сарзамини маърифатпарвар рӯзи хушу соли некӯ ато менамояд.

Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак бошад!

То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.


Бо камоли эҳтиром,
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мирзозода Низом Юсуфӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво