20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«РУШДИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллӣ доир мешавад

199
«РУШДИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллӣ доир мешавад18 март дар Муассисаи давлатии боғи Шаршараи «Наврӯзгоҳи пойтахт» бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Рушди бозиҳои миллии варзишӣ — омили муҳими шинохти миллат» Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар фестивали мазкур зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллии варзишӣ ба намоиш гузошта мешавад. Аз ҷумла, бозиҳои камонварӣ, тезхурак, чормағзбозӣ, гӯштини миллӣ, гӯштингирӣ, тухмҷангак, шамшербозӣ, астарбозӣ, лаклакбозӣ, фалахмон, хурӯсҷанг, кабкҷанг, пиёдакашак, чавгонбозӣ, миру вазир ва буҷулбозӣ намоиш дода мешаванд.

Дар фестивал донишҷӯёну хонандагони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Сирки давлатии Тоҷикистон ва мураббиёну машқварзони муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ- эҳё намудани бозиҳои миллӣ ва ба ин восита муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.



АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво