26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Занони муштзани тоҷик дар мусобиқаи Деҳлӣ иштирок доранд

203
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Занони муштзани тоҷик дар мусобиқаи Деҳлӣ иштирок дорандМуштзанони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни занон, ки имрӯз дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон оғоз гардид, иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Сумайя Қосимова (48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Мижгона Самадова (60 кг) ва Нилуфар Бобоёрова (63 кг) муаррифӣ мекунанд. Онҳоро дар мусобиқаи мазкур 2 мураббӣ роҳнамоӣ доранд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни занон аз 16 то 26 март дар Деҳлӣ баргузор мегардад. Дар мусобиқа намояндагони 65 давлат иштирок мекунанд.

Муштзаноне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло ба даст меоранд, бо маблағи 100 ҳазор доллари ШМА, медали нуқра 50 ҳазор доллари ШМА ва медали биринҷӣ бо 25 ҳазор доллари ШМА қадрдонӣ карда мешаванд.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво