19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Узбекистон омодагии худро ба татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаи навоварӣ ва зеҳни сунъӣ иброз доштанд

151
Тоҷикистон ва Узбекистон омодагии худро ба татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаи навоварӣ ва зеҳни сунъӣ иброз доштандОмодагӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаи навоварӣ ва зеҳни сунъӣ дар мулоқоти роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири маориф, илм ва навоварии Ҷумҳурии Узбекистон дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Мусоҳибон масъалаҳои мубрами соҳаҳои афзалиятнок ва роҳҳои густариши ҳамкории мутақобилан судманди дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Инчунин омодагии худро ҷиҳати татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаҳои навоварӣ, зеҳни сунъӣ, стартапҳо ва мусоидат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусии ин соҳаҳо дар ҳар ду давлат иброз доштанд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво