РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Теҳрон бахшида ба Конфронси оби СММ-2023 нишаст баргузор гардид![]() ![]() Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии худ дар бораи аҳамияти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об, инчунин доир ба иқдоми нави Пешвои миллат дар мавриди қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки 14 декабри 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ бо иттифоқи оро қабул кард, маълумоти муфассал ироа намуд. Дар ин замина нақши Конфронси СММ дар пешбурди ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк сурат мегирад, шарҳу тавзеҳ дода шуд. Дар ҳамоиш видеоклипҳо дар бораи захираҳои обии Тоҷикистон ва лаҳзаҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои Маҷмаи Умумии СММ доир ба масъалаҳои об ба намош гузошта шуд. Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мешавад. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад. АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |