20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҳиндустон ҷаласаи 18-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд

170
Дар Ҳиндустон ҷаласаи 18-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд10-12 март дар Деҳлии Нав таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаласаи 18-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Суди Олии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар кори ҷаласа раисон, муовинон ва судяҳои судҳои олии Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Чин, Покистон, Русия, Беларус ва Эрон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои иттилоотонии судҳо, мусоидат ба дастрасӣ ба адолати судӣ, мушкилиҳои дастурии низоми судиро муҳокима намуда, оид ба муҳимияти мавзӯъҳои баррасишуда ва зарурати баланд бардоштани ҳамкории самаранок байни мақомоти судӣ маъруза намуданд.

Дар охир изҳороти муштараки раисони судҳои олӣ қабул гардид. Тибқи он дар назар дошта шудааст, ки минбаъд низ дар байни судҳои олии давлатҳои аъзо ҳамкории судманд дар раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва рушди қонунгузории давлатҳои аъзо идома дода шавад.

АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво