«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ САЙЁҲӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе фестивал баргузор мегардад![]() ![]() Дар доираи фестивал баргузории намоиши имконияти сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва рақсу суруд дар назар аст. 13 март зимни баргузории ҷаласаи корӣ роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани фестивали мазкур ба масъулин супоришҳои мушахас дод. Ҳамчунин масъалаи дар сатҳи баланд баргузор намудани ҳамоишҳои идона бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва таъмини иштироки фаъолонаи ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» дар Федератсияи Русия, ки аз 16 то 18 март доир мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |