19 май 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» беҳтаринҳоро муайян менамояд

579
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе — Плаза» аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ба кори худ расман оғоз кард.

«Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» беҳтаринҳоро муайян менамояд

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, чорабинии мазкур мазкур бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 21 то 26 майи соли равон баргузор гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе мебошад.

Дар ин Ҳафта чорабиниҳои гуногун бо иштироки наврасону ҷавонон доир ба илмомӯзӣ, пешбарии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзиши технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, ташвиқи ғояҳои навовариву ихтироъкорӣ баргузор гардида, ҳамчунин доир шудани конференсияи илмӣ-эъҷодӣ, Форуми наврасону ҷавонон ва семинару тренингҳо дар назар дошта шудааст.

Дар чорабинии мазкур дар баробари хонандагону муаллимон, инчунин, олимону мутахассисон ва коршиносон низ иштирок мекунанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво