19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиш баргузор шуд

158
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиш баргузор шуд 14 март дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши бошукуҳи идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиши мазкур сафирони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, намояндагони котибот ва сохторҳои мухталифи ЮНЕСКО, вазорату идораҳои Фаронса, дигар ташкилоти байналмилалии муқими ин давлат, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО мизи миллиро бо таомҳои тоҷикӣ ороста, бо мақсади муаррифии бештари мамлакат маводу аксҳои таблиғотиро оид ба Тоҷикистон ба маъраз гузошт.

Ба меҳмонон барномаи фарҳангӣ бо таронаву рақсҳои миллӣ намоиш дода шуд.

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиш баргузор шуд


АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво