19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ХИЗМАТ БА ВАТАН УҲДАДОРИСТ! Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон доир ба даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласа доир гардид

224
ХИЗМАТ БА ВАТАН УҲДАДОРИСТ! Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон доир ба даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласа доир гардидДар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷаласа баргузор шуд, ки дар он бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.

Дар доираи таҳлилу натиҷагирӣ аз чорабиниҳои даъватии соли сипаригашта иброз гардид, ки дар радифи баъзе комёбиву пешравиҳои назаррас ҳамоно фаъолияти бархе аз комиссияҳои даъватӣ боиси нигаронӣ мебошад.

Барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдошта супориш дода шуд, ки масъулини комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат баҳри сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти масъули вобастаи даъват, пеш аз ҳама, ҳамкориро бо мардум, ҷавонони синни даъватӣ, волидони онҳо, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар афроди некбини ҷомеаи имрӯза боз ҳам ҷоннок намуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар самти бедор намудани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ, зарурати хизмати ҳарбӣ ва адои вазифаи ҷавонмардӣ роҳандозӣ намоянд. Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулин бояд ҷавононро мутмаин созанд, ки хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар ҷавонмарди бонангу номус аст. Онҳо бояд дарк кунанд, ки хизмат ба Ватан уҳдадорист, на ҳуқуқ. Беҳуда хизмат дар сафи Артиши миллиро мактаби мардонагӣ нагуфтаанд.

Масоили вобаста ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, бо қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузории ҷамъомаду машғулияти нақшавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқан муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва диққати аввалиндараҷа равона кардан ба сатҳу сифати даъвати шаҳрвандон низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҷамъомад буд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво