19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИФТИХОР АЗ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Сокинони минтақаи Долони ноҳияи Шаҳринав Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд

62
ИФТИХОР АЗ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Сокинони минтақаи Долони ноҳияи Шаҳринав Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намудандСокинони деҳаҳои минтақаи Долони Ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ гуфта шуд, ки Наврӯз чун рукни муҳими худшиносии миллӣ воситаи асосии пайвандгари наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои миллӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаву кудурат, ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯстӣ ва расидан ба қадри зиндагии бофараҳ мебошад.

Меҳмонону сокинон зимни иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз аз намоиши урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон, расму ойинҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, суманак, ҳафтсину ҳафтшин, ва, ресандагӣ дидан карданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ин ҷашни аҷдодӣ бо ифтихор аз асолати миллӣ таҷлил карда мешавад.

Бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангиву фароғатиро пешкаши сокинон гардонида, бо рақсу сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида гардонид.



АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво