23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СУМАНАК РАМЗИ БАҲОР АСТ. Таоме, ки дар Тоҷикистон бе он оростани дастурхони наврӯзӣ тасаввурнопазир аст

254
СУМАНАК РАМЗИ БАҲОР АСТ. Таоме, ки дар Тоҷикистон бе он оростани дастурхони наврӯзӣ тасаввурнопазир астНаврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин буда, дорои суннатҳои хос мебошад. Яке аз суннатҳои он пухтани таомҳои миллии наврӯзист, ки асосан аз донагиҳо: гандум, лӯбиё, нахуд, кабудӣ ва гӯшт омода карда мешаванд. Маъмултарини онҳо суманак, далда, калапоча, шарбат аз меваҳои хушк ва ғайра мебошад. Дар байни мардум суманак ҳамчун рамзи баҳору Наврӯз маъруф гардида, хӯроки асосии дастурхони наврӯзӣ аст. Чунин иброз намуд ходими пешбари илмии шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мумина ШОВАЛИЕВА доир ба омодасозии суманак дар суҳбат бо АМИТ «Ховар».

Суманак яке аз таомҳои асосии наврӯзӣ буда, 25 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне аз аввали моҳи март аз ҷониби занон бо мақсади тайёр кардани таоми анъанавии наврӯзӣ аз гандум омода карда мешавад.

Суманакро бо чунин тарз тайёр мекунанд: гандумро дар зарфи обдор гузошта, то неш бароварданаш ҳар рӯз оби онро иваз мекунанд. Сипас, онро дар лаълиҳо дар ғафсии 2-3 см ҷой карда, дар ҷойҳои гарм мемонанду ҳар рӯз ба он об мепошанд. Ҳангоми боридани борон лаълиҳоро ба таги борон мемонанд. Вақте ки сабзаи он ба 5-10 см мерасад, якчанд зани ҳамсоя ҷамъ шуда, ба тайёр намудани суманак шуруъ мекунанд.

Тарзи тайёр кардани суманак меҳнати зиёд талаб мекунад. Як нафар зан наметавонад аз уҳдаи он барояд. Аз ин рӯ, дар тайёр кардани он якчанд зан иштирок мекунад.

Баъд аз шустани сабзаи суманак дар об он бо корд ё даст ба якчанд қисм ҷудо карда шуда, ба воситаи гӯштқиммакунак майда карда мешавад. Пас, онро дар табақ гузошта, бо даст ҷаббида, шираи онро мегиранд ва ба деги калони ҳаҷмаш то 50 кг меандозанду болои оташдон мегузоранд. Баъзан вақт ба он чормағз, орд ва ҳафт сангча (бинобар сабаби тагсӯз нашуданаш) меандозанду онро то саҳар меҷӯшонанд. Ҳамаи заноне, ки аз як деҳа ва ё як маҳал барои пухтани суманак ҷамъ мешаванд, бо кафгир онро бо навбат то субҳ, то омода шуданаш бе танаффус мекобанд.

Бояд гуфт, ки пеш аз тайёр намудани суманак болои дегро пӯшида, муддати як соат дам медиҳанд. Танҳо баъд аз он ба назар мерасад, ки суманак омода шудааст. Ранги қаҳвагӣ ва тамъи болаззат хоси он мебошад. Ин навъи суманакро суманаки дегӣ меноманд.

Як хусусияти дигари суманак он аст, ки дар омода кардани он танҳо занҳо иштирок мекунанд. Иштироки мардон тибқи расму оин манъ аст. Ин хӯрок аз ҷониби гурӯҳи занони иборат аз панҷ ё зиёда аз он тайёр карда мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо то 30-40 нафар зан аз шом то субҳ дар тайёр кардани он иштирок карда, сурудҳо дар васфи суманак мехонанду рақс мекунанд. Яке аз сурудҳои маъмул дар васфи суманак суруди «Суманак дар ҷӯш мо кафча занем» мебошад.


Баъд аз омода намудани суманак онро ба пиёлаҳо рехта, дар хони наврӯзӣ мегузоранд. Ҳамчунин суманак ба ҳамаи ҳамсояҳо, хешовандон бо камоли хушнудӣ ба хотири истиқболи соли нав, тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва ҷамъоварии ҳосили хуб, аз ҷумла ғалладонагӣ тақсим карда мешавад. Ҳамин тавр суманак рамзи шодӣ, хушбахтӣ ва некуӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон якчанд роҳҳои тайёр кардани суманак вуҷуд дорад. Маъмултарини он суманаки дегӣ мебошад, ки дар боло тарзи омодасозии онро гуфтем.

Дар минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон тайёр намудани суманаки тагиаловӣ ва ё суманаки кулчагӣ маъмул аст. Ин тарзи суманакро болои лахчаҳои дегдон дар шакли кулча мепазанд ва қисми онро ба ҳамсояҳо тақсим мекунанд. Қисми дигарашро дар дастурхони идона мегузоранд. Дар айни замон дар шароити шаҳр суманак дар тафдони барқӣ ва дар дегдон тайёр карда мешавад.

Дар Кӯлоб мо тарзи тайёр кардани суманаки дегчагиро мушоҳида намудем. Дар он ҷо шираи гандумро ба хамир илова мекунанд, ки дар натиҷа ба ҳалво монанд мешавад. Қисми фатирро ба равған партофта, бо қошуқи чӯбин каф мезананд. Дар ҷараёни кафзании зиёд он шакли ҳалворо мегирад, ки баъд аз хунук шуданаш пора-пора ба қисмҳо тақсим намуда, ба табақҳо мегузоранд.

Дар минтақаҳои кӯҳии Қаротегин, Дарвоз ва Кӯлоб суманаки хурмагӣ маъмул аст, ки онро дар хурма ҷудо карда, ба он каме орд ва равғани растанӣ меандозанд ва то субҳ дар хокистари гарми дегдон мемонанд, ки он шакли атоларо мегирад.

Ҳамин тавр, суманак яке аз хусусиятҳои хоси Наврӯз дониста мешавад. Сабзаи суманак — (баландиаш то 10 см) дар дастурхони идонаи наврӯзӣ — «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ҳамроҳ бо худи суманак гузошта мешавад. Ҳар меҳмоне, ки ба хона ворид мешавад, ангуштони худро ба сабзаи суманак монда, ба чашму абрӯяш молида, дуо мекунад, ки Худо ба ӯ умри дарози бенуқсону беофат насиб гардонад.

Ба андешаи мо, сабзаи суманак – ин рамзи зиндагӣ, баҳор, бедоршавии табиат, хушбахтӣ, шодмонӣ ва инчунин гирифтани ҳосили хуб дар соли нав аст, ки боз аз он суманак омода мекунанд. Барои кишварзон ва деҳқонони Тоҷикистон Наврӯз, пеш аз ҳама, иди тақвимӣ, оғози кишту кори баҳорӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳосилашро дар тирамоҳ, дар иди ҳосилғундорӣ –Меҳргон ба даст меоранду дар таомҳои наврӯзии оянда (суманак, гандумкуча ва ғ.), ки аз гандум ва ҳафт намуди зироати ғалладона истифода мебаранд, истифода мешавад.

Таоми суманак дар ҷашни Наврӯз нақши асосӣ ва муҳимро мебозад. Мо наметавонем бе он иди Наврӯзро таҷлил намоем.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси хулосаи донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз байни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборат буданд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво