24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ҳамкориро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо Русия ва Арабистони Саудӣ таҳким мебахшад

77
Тоҷикистон ҳамкориро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо Русия ва Арабистони Саудӣ таҳким мебахшад14 март дар ҳошияи иҷлосияи 66-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба маводи нашъаовар Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Андрей Храпов мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, табодули иттилоот дар хусуси дастгиршавии шаҳрвандони давлатҳо бо гуноҳи даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, вазъи қочоқи маводи нашъаовар дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ва чораҳои пурзӯр намудани назорати сарҳад муҳокима намуданд.

Зимни мулоқот инчунин ҷараёни омодагӣ ҷиҳати ба имзо расонидани Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки дар баррасии ҷониби Русия қарор дорад, баррасӣ гардид.

Ҳамзамон худи ҳамон рӯз директори Агентӣ бо роҳбари ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Алқарнӣ мулоқот анҷом дод.

Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои кимиёвӣ, назорати муомилоти қонунии онҳо, инчунин пешгирии нашъамандиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо ба масъалаи тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ-шартномавии ҳамкорӣ дахл намуда, омодагии худро барои ба имзо расонидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои кимиёвӣ иброз доштанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Венаи Австрия қарор дорад.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво