20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе байни хонандагони пойтахт озмун ҷараён дорад

332
Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе даври аввали озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» идома дорад. Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба роҳ монда мешавад.
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе байни хонандагони пойтахт озмун ҷараён дорад
Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, озмун вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва литсею гимназияҳо вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ роҳандозӣ гардидааст.

«Мақсад аз он ҳавасмандгардонии хонандагон ба забономӯзӣ, сайқал додани заковат, малакаи забондонӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад», — гуфт Асомиддин Бобозода.

Тибқи низомнома, озмун дар ду бахш — (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯи шартҳои «Маҳорати суханварӣ» (бо се забон); «Эссе» (бо се забон); «Қироати шеър» (бо се забон); «Имло» (имлои дурусти калима дар матн); «Тарҷума» (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ) гузаронида мешавад.

Озмун аз се давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи апрел ба таври зайл гузаронида мешавад:

— даври якум – моҳҳои январ –феврал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо;

— даври дуюм – моҳи март дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум;

-даври сеюм (шаҳрӣ — асосӣ) – ҳафтаи аввали моҳи апрел бо иштироки ғолибони даври дуюм.

Дар ҳар давр вобаста ба ҳар номинатсия то 3 ғолиб (ҷойи якум -1 нафар, ҷойи дуюм – 1 нафар, ҷойи сеюм – 1 нафар) муайян карда мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»





Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво