26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ. Дар ноҳияи Шаҳринав корҳои тозаю васеъ намудани каналҳои обрасон бомаром идома доранд

181
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо мақсади пеш аз бориш, селу обхезӣ ва обёрикунии заминҳо тоза кардан ва васеъ намудани каналҳои обрасон корҳои поккунӣ ба роҳ монда шудаанд. Бо ин мақсад дар канали Қаратоғ корҳои тозаву васеъкунӣ оғоз гардида, Раиси ноҳия Абдуқодир Вализода бо ҷараёни корҳои тозакунӣ дар канали мазкур аз наздик шинос шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Иттилоъ дода шуд, ки канал ба масофаи 4,5 км таъмирталаб буда, зиёда аз 10 сол боз боре ҳам тоза карда нашуда буд. Тавассути канали мазкур заминҳои ҳудуди ҷамоатҳои Сабо, Истиқлол ва Чуст обёрӣ карда мешаванд. Хушбахтона, имрӯзҳо дар канали мазкур аз ҷониби Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия корҳои тозакунӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.

Тибқи иттилои сармуҳандиси Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Шаҳринав Ҳабибулло Исмоилов, дар ноҳия 13 канал бо масоҳати 144 километр ва заҳбуру заҳркашҳо бо масоҳати 44 километр мавҷуд аст, ки ба ин восита 5353 гектар замини корами обӣ обёрӣ карда мешавад. То имрӯз мувофиқи нақшаи пешбинишуда, зиёда аз 30 километр канал ва 7 километ заҳбуру заҳркаш тоза карда шуда, дар ин самт корҳои тозакунӣ муташаккилона идома доранд. Муассисаи мазкур ҳамасола бо 1425 нафар роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 10 хоҷагии коллективӣ шартнома баста, ба онҳо хизмат мерасонад.

Канали шохаи ғарбии ноҳияи Шаҳринав 120 гектар заминро обёрӣ менамояд. Дар баробари обёрӣ ҳамзамон дар ҳолати ба амал омадани бориш оби сели шохобҳои аз баландиҳои минтақа ҷоришударо ба дарёи Қаратоғ мепартояд.Аз ин ҳисоб деҳаҳои Файзбахш, Аҷам, Ваҳдат ва Муллошодӣ аз сар задани офати табиӣ эмин мемонанд.

Хушбахтона, соли равон бо дастгирии соҳибкорону сокинон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав баъд аз беш аз бист сол ин канал дар масоҳати 4 километр пурра тоза ва ҳаҷман калон карда шуд.

Сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав Сангимад Камолов гуфт, ки “то 1 марти соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 597 хоҷагӣ бо шумораи 5215 нафар дар 12 деҳа ва 1021 сар чорвою 92 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар минтақаҳои хавфноки ноҳия қарор доранд. Хушбахтона, соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, соҳибкорони ватандӯст ва сокинони деҳаҳои мазкур дар селроҳаҳои деҳаҳои Ҳаёти нав, Файзбахш ва Сафобахш корҳои соҳилмутаҳкамкунӣ гузаронида шуданд”.

Ҳамчунин сарбанди муҳофизаткунандаи селхонаи сойи дуи деҳаи Файзбахш ба масофаи 28 метр ва баландии 4 метр бо ҷалби аҳолӣ ва кумаки 5 тонна семент аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво