29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон таъсиси боз як факултети муштараки Тоҷикистону Беларус дар назар дошта шудааст

656
Дирӯз дар «Кохи афсарон»-и шаҳри Душанбе дар доираи Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони зиёда аз 30 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва томактабии Ҷумҳурии Беларус мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳамкории ҷумҳуриҳои Беларус ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф: вазъ, дурнамо ва рушд» доир гардид.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрии мазкур муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев иштирок намуда, дар баромади худ зикр кард, ки муносибатҳои ҳамкории ҳарду давлат дар ҳама соҳаҳои калидӣ, пеш аз ҳама, маориф бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба таври назаррас вусъат меёбад.

Инчунин зимни конфронс зикр карда шуд, ки ҳадафи асосии чорабинии имрӯза дарёфти роҳҳои наздиктари ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва томактабӣ мебошад. Ҳоло қариб ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус, бо донишгоҳҳои алоҳидаи Тоҷикистон муносибати дӯстона барқарор кардаанд. Дар ду донишгоҳи Тоҷикистон факултетҳои муштараки Тоҷикистону Беларус фаъолият мекунанд ва таъсиси боз як факултет дар назар дошта шудааст.

Таъкид гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус 1200 нафар ҷавонони тоҷик таҳсил мекунанд ва онҳо бо одобу аҳлоқи ҳамида, хониши хубу аъло номбардори Ватани худ мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки дар доираи Намоишгоҳи миллӣ боздиди меҳмонон аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи касбӣ, Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Мактаби байналмилалии Президентии пойтахт, тарғибу ташвиқ ва рӯнамоии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус, суҳбату вохӯриҳо бо дохилшавандагони тоҷик дар назар дошта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво