6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ бо ҳолати пойгоҳҳои обкашӣ ва ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид

199
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ бо ҳолати пойгоҳҳои обкашӣ, ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бунёди иншооти нав бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ бо ҳолати пойгоҳҳои обкашӣ ва ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Зимни сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани селпартовҳо дар сойи Даҳана ва Зиракӣ иҷро гардида, дар минтақаҳои хавфнок тоза кардани маҷрои дарё, селпартоҳо ва хобонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Таъкид гардид, ки дар сойи Тебалай аз ҷониби Маркази татбиқи Лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бо дарозии 1220 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шудаанд.

Дар заминаи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шудани масолеҳи сохтмонӣ ба анҷоми корҳои тибқи нақша пешбинишуда мусоидат намуд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳоло ҳам мавзеъҳое ҳастанд, ки гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар онҳо зарур мебошад. Бо назардошти ин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тибқи нақша пеш бурда мешаванд.

Сарвазири мамлакат бо ёдоварӣ аз боронҳои фасли баҳор аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб ва сохторҳои марбута иҷрои босифату саривақтии супоришҳои Сарвари давлатро дар ин самт талаб намуд.

Дар ноҳияи Восеъ Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Ёхсу шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар худуди деҳоти Худоёр Раҷабов ба масофаи 750 метр ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин ҷо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 250 метр ҷараён доранд. Аз ҳудуди ноҳияи Восеъ ду дарё — Ёхсу ва Сурхоб мегузарад.

Сарвазири мамлакат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва сохторҳои марбути соҳаро барои беҳтар намудани фаъолият дар ин самт дар моҳҳои апрел ва май вазифадор намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво