17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ифтиттоҳи иншооти нав ба ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор сафар намуд

401
Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор бо ҳолати пойгоҳҳои обкашӣ, ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бунёди иншооти нав бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ифтиттоҳи иншооти нав ба ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор сафар намуд

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ шинос гардид.

Таъкид гардид, ки масофаи дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 25 километрро ташкил медиҳад ва ҳамасола корҳои тозакунии маҷрои дарё ва соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода мешаванд. Ҳоло зиёда аз 10 ҳазор тахтасангҳо барои соҳилмустаҳкамкунӣ захира карда шуда, барои иҷрои корҳо 6 техника ва механизм ҷалб гардидааст.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфнок идома дода мешавад.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ифтиттоҳи иншооти нав ба ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор сафар намуд

Ҳамзамон барои дар оянда бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳои ҳудуди ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ бо сармояи хориҷӣ дар масоҳати 36 гектар бунёди ҳавзи обтакшинкунӣ идома дорад.

Қоҳир Расулзода барои тезонидани раванди сохтмон ва сари вақт ба истифода додани иншоот сохтмончиёнро вазифадор намуд.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки бунёду навсозии роҳу пулҳо бо мақсади беҳтар намудани имконияти хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт анҷом дода мешавад. Сохтмони пули мошингузар дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ деҳаи Файзободро бо деҳаи Изатулло Шарифов мепайвандад. Пули мошингузар бо дарозии 45 метр ва паҳноии 6,5 метр мавриди истифода қарор мегирад. Мутахассисону коргарон барои ичрои босифати корҳо вазифадор карда шуданд.

Таҷдиду барқарорсозии дастгоҳҳои пойгоҳҳои обкашии мавзеи Уртабуз бо ҷалби сармоя соли 2021 оғоз гардида буд.

Корҳои сохтмонӣ дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ»-и Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шудаанд.

Таъмини бинои барқтақсимкунӣ, ивази ноқилҳои баландшиддат ва нав кардани зиёда аз 1000 метр қубурҳои баландфишори оҳанӣ анҷом дода шудааст.

Дар маҷмуъ имрӯз аз ҳисоби фаъолияти пойгоҳҳои обкашии Уртабуз тақрибан 5200 гектар замин обёрӣ карда мешавад. Навсозии иншоот ба беҳтар шудани фаъолият, кам шудани масрафи қувваи барқ ва баланд гардидани иқтидори пойгоҳҳо мусоидат намуд.

Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Фархор боздид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони ноҳияи Фархор дар майдони 9650 гектар чигит кишт мекунанд. Ҳоло ин раванд дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадаму тухмиҳои ба шароити ноҳия мутобиқ ҷараён дорад.

Қоҳир Расулзода бо ёдоварӣ аз супоришҳои пайвастаи Роҳбари давлат ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки замин ва баланд бардоштани ҳосилхезӣ кишоварзонро барои таъмини вусъати корҳои саҳроӣ вазифадор намуд.

Таъкид карда шуд, ки имрӯз ҳадафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба он равона гардидааст, ки бо роҳандозии таҷрибаи пешқадами кишту парвариши зироат афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин намояд.

Тазаккур дода шуд, ки майдони умумии пиёз дар ноҳияи Фархор 550 гектарро ташкил медиҳад ва ҳоло ин намуди сабзавот дар ҳолати хуби нашъу намо қарор дорад. Хоҷагидорон мақсад гузоштаанд, ки фаровониро дар бозори истеъмолӣ таъмин намоянд. Баъди таҷрибаҳои амалӣ имрӯз ҳадафи хоҷагидорон ба васеъ кардани майдони гармхонаҳои доимамалкунандаву мавсимӣ равона карда шудааст.

Дар ноҳияи Фархор майдони гармхонаҳои доимамалкунанда зиёда аз як гектар ва гармхонаҳои мавсимӣ 5 гектарро ташкил медиҳад.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ифтиттоҳи иншооти нав ба ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор сафар намуд

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозии пойгоҳҳои Уртабузро беҳтарин имконият барои рушди соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ карда, хоҷагидоронро барои таъмини истифодаи самараноки замин вазифадор кард.

Зимни муаррифии лоиҳаи «Хизматрасонӣ бо неруи барқ ба маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Хатлон» маълумот дода шуд, ки дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 64 деҳа бо неруи барқ таъмин карда мешавад. Ҳоло он дар 5 деҳа идома дорад.

Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки лоиҳаи мазкур дар заминаи ғамхориву таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мешавад ва мардумро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот расида, дастовардҳои Истиқлоли давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи навбунёди ноҳияи Фархор бинои Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №66 барои 960 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2020 оғоз гардида, мутобиқ ба талаботи меъмории замонавӣ ба анҷом расонида шуданд.


Сарвазири мамлакат фароҳам овардани шароити замонавиро барои таҳсил аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Роҳбари давлат арзёбӣ кард ва наврасонро бо истифода аз чунин шароит ба таҳсили намунавӣ ҳидоят намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассиса дорои толор барои гузаронидани чорабиниҳо, ошхона, синфхонаи дӯзандагӣ, маркази рушди истеъдодҳо ва дигар шароити муосир барои таҳсил мебошад.

Дар идомаи сафари Қоҳир Расулзода дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Фархор коргоҳи макаронбарорӣ ва маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Иншоот бо сохти меъмории замонавӣ бунёд гардида, фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда равона карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ соли 2021 оғоз гардида, то имрӯз мутобиқ ба талаботи муосир ба анҷом расонида шудаанд. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз якуним тонна маҳсулоти тайёрро ташкил медиҳад. Оянда дар ошёнаи дуюми корхона коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шуда, шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда мешавад.

Дар ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаҳои савдо ва маркази хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Машҳур тиҷорат» ба истифода дода шуд. Иншоот бо сохти меъмории муосир давоми ду сол сохта шуда, фаъолияташ ба пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун барои сокинон равона гардидааст. Дар иншооти мазкур 25 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Ҳамзамон дар доираи сафари кории Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Фархор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳотам», ки ба истеҳсоли хишт нигаронида шудааст, мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти саноатӣ бахшида ба Солҳои рушди саноат ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.

Иқтидори солонаи он то 3 миллион дона хишти пухта буда, метавонад дар баробари ноҳияи Фархор ба ноҳияҳои атроф низ масолеҳи сохтмонӣ пешниҳод намояд.

Дар корхона вобаста ба зиёд шудани талабот ба махсулот қариб 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин бунёдкориву созандагиро ба натиҷаи тадриҷан амалишавии ҳадафҳои давлату Ҳукумати мамлакат марбут дониста, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди иқтисод ва беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум муҳим арзёбӣ намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво