Фаъолияти касбии муҳандис-харҷномасозон бевосита бо технологияҳои муосири компютерӣ алоқамандӣ дошта, истифода бурда тавонистани компютер дар сатҳи истифодабарандаи таҷрибадор – яке аз талаботҳои асосӣ барои ҳар як харҷномасоз мебошад. Таҳияи ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ бо усули дастӣ чун қоида, раванди меҳнатталаб ва дарозмуддат буда, хароҷоти моддии назаррас ва тахассуси баланди иҷрокунандаро талаб менамояд.
Яке аз афзалиятҳои муҳими истифодаи технологияҳои компютерӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ, ин имконияти истифодаи васеъи он дар ҳалли масъалаҳо мебошад.
Дар соҳаи сохтмон дақиқияти ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ, аз он ҷумла харҷнома ва ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ ҳамеша муҳим мебошад. Ва тартиб додани ин гуна ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ баъзан давомнокии вақти зиёдро талаб менамояд, зеро кори харҷномавӣ на он қадар оддӣ аст, чуноне ки дар назари аввал дида мешавад. Таҳияи ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ дар худ корҳо оид ба интихоби усули харҷномасозӣ, донистан ва истифода карда тавонистани базаи меъёрӣ, коэффитсиентҳо ва индексҳои гуногунро дар бар мегирад. Умуман автоматикунонии раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ бе такаллуф, зарур мебошад.
Бо пайдо шудани барномаҳои махсуси харҷномасозӣ кори харҷномасозон-муҳандисон чандкарата осон гардид.
Яке аз барномаи махсуси компютерӣ барои таҳияи ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода бурда шуда, маъмул гардидааст, ин Маҷмӯи барномавии «Гранд-Смета» мебошад.
Маҷмӯи барномавии «Гранд-Смета» барои автоматикунонии маҷмӯи раванди ҳисобҳои харҷномавӣ муқаррар гардидааст. Таҳиягари барнома ширкати «ГРАНД»-и Федератсияи Россия мебошад.
МБ «Гранд-Смета» яке аз маъмултарин барномаи харҷномасозӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Украина, Белоруссия, Қазоқистон ва Тоҷикистон) ба ҳисоб рафта, бо ин асбоби функсионалии мувофиқ, зиёда аз 100 харҷномасозон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият фаъолият доранд.
Дар таркиби маҷмӯи барномавӣ, инчунин низоми иттилоотию-маълумотии «ГРАНД-СтройИнфо» ҷой дода шудааст, ки дар худ китобхонаи электронии харҷномасозро бо мавҷудияти ҳаҷми зиёди маводҳои судманди меъёрию маълумотӣ оид ба нархгузорӣ дар бар мегирад.
Мундариҷа ва сохти барнома дар асоси дастовардҳои муосири технологияҳои информатсионӣ таҳия шуда, дорои хусусиятҳои зерин мебошад:
таҳияи ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ бо ду усули харҷномасозии амалкунанда (усули захиравӣ ва базавӣ-индексӣ).
тартиб додани ҳисоби харҷномаи иншоотӣ ва ҷамъбастӣ бо назардошти ба тарзи автоматӣ гузаронидани маълумотҳо аз харҷномаҳои ҷузъӣ.
ташаккули феҳристи талаботи захираҳои сохтмонӣ.
баҳисобгирии корҳои иҷрошуда, таҳияи санади корҳои сохтмонии иҷрошуда аз рӯи шакли КС-2, М-29 ва ғайра.
бозҳисоби автоматии харҷномаҳо аз як базаи меъёрӣ ба дигар, аз МУХ ҶТ ба НВ ҶТ.
воридсозии автоматии нархҳои ҷории захираҳои сохтмон.
содироти ҳуҷҷатҳо ба барномаи Microsoft Office ва OpenOffice.org.
МБ «Гранд-Смета» ин ҳалли беҳтарин барои он мутахассисоне мебошад, ки мунтазам бо миқдори зиёди маълумот кор мекунанд.
Барнома дар асоси дархосту пешниҳодҳои мутахассисони харҷномасоз мунтазам мукаммал карда мешавад.
Ба Шумо муҳандис-харҷномасозони муҳтарам, дар омӯзиши барномаҳои компютерии харҷномасозӣ ва татбиқи технологияҳои информатсионӣ дар фаъолияти касбӣ комёбиҳо таманно дорем!
Масъалаҳои умумӣ оид ба ҳисоби харҷномаҳои корҳои сохтмону васлгарӣ, таъмирӣ ва бакорандозӣ бо ёрии барномаи «Гранд Смета».
Савол: Барномаи компютерии «Гранд Смета» барои чӣ хизмат мекунад?
Ҷавоб: Гранд смета – ин барномаи махсуси компютерӣ мебошад, ки барои таҳия ва санҷиши минбаъдаи ҳуҷҷатҳои харҷномавии корҳои сохтмону васлгарӣ, таъмирӣ ва бакорандозӣ инчунин, барои таҳияи санади корҳои иҷрошуда истифода бурда мешавад.
Барномаи «Гранд Смета» ба мутахассисон имконият медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои харҷномавиро оид ба муайян намудани арзиши корҳои сохтмон комилан ба тарзи автоматикунонидашуда ҳисоб намуда, меҳнатталабии ҳисоби харҷномавӣ кам намоянд.
Савол: Мехостем бидонем, ки оё дар барномаи «Гранд Смета» базаи меъёрию харҷномавии соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст?
Ҷавоб: Албатта. Дар барномаи «Гранд Смета» дар қатори баъзаи меъёрии Федератсияи Россия инчунин, баъзаи меъёрию харҷномавии соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон МУХ ҶТ-2007, МУХт ҶТ-2005,
МУХв ҶТ-2011, МУХк ҶТ-2011, МУХвт ҶТ-2011, МУХтт ҶТ-2013,
НВ ҶТ-2009, НВт ҶТ-2009, НВв ҶТ-2009, НВк ҶТ-2009, НВвт ҶТ-2009,
ҷой дода шудааст.
Барнома имконият медиҳад, ки таҳияи ҳуҷҷатҳои харҷномавиро бо усули захиравӣ ва базавӣ-индекӣ мувофиқ ба шаклҳои харҷномасозӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардидааст, амалӣ карда шавад.
Савол: Оё дар барномаи «Гранд Смета» имконияти бо тарзи автоматӣ ворид намудани нархҳои ҷории соати кории коргарон, истифодаи мошину механизмҳо ва масолеҳи сохтмон вуҷуд дорад?
Ҷавоб: Бояд қайд намуд, ки яке аз функсияҳои асосии МБ «Гранд-Смета» ин дар харҷномаҳо ба тарзи автоматӣ ворид намудани нархҳои ҷории захираҳои сохтмонӣ мебошад.
Дар таркиби комплекси барномавӣ функсияи «воридсозии нархҳо (загрузка цен)» ҷой дода шудааст. Функсияи мазкур имконият медиҳад, ки дар харҷнома нархҳои ҷории соати кории коргарон, истифодаи мошину механизмҳо ва масолеҳи сохтмон бо тарзи автоматӣ ворид гардад. Ҳамзамон, дар барнома имконияти дастӣ иваз намудани арзиши ин ё он захираи сохтмонии воридшуда вуҷуд дорад. Воридсозии нархҳои ҷории захираҳои сохтмон бо ёрии низоми махсуси барномавӣ, ки ба истилоҳ «Стройцена» номгузорӣ шудааст, амалӣ карда мешавад.
Савол: Мехостем дар бораи низоми махсуси барномавии «Стройцена» маълумоти муфассал диҳед.
Ҷавоб: Низоми махсуси барномавии «Стройцена» дар худ маълумотҳоро оиди нархҳои чории захираҳои сохтмон дар бар гирифта, дар асоси маълумотҳои расмии «Маҷмӯаи ҳар семоҳаи нархҳои миёнаи харҷномавӣ ба захираҳои асосии сохтмон» ҳарсемоҳа таҳия карда мешавад. Омодакунандаи «Стройцена» КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» мебошад. Низоми махсуси барномавии «Стройцена» дар файли барномаи «Гранд-Смета» коркард карда шудааст, ки танҳо бо барномаи мазкур фаъол намудани он имконият дорад.
Дӯстони гиромӣ, ҳамкасбони мӯҳтарам, Шумо метавонед, дархосту саволҳои хешро ба суроғаи электронии Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон rayosati_ilm@bk.ru ирсол намоед.
Мо ба тавсияву пешниҳодоти Шумо ниёз дорем. Онҳо метавонанд нашрҳои навбатии бюллетени иттилоотии «Иттилооти шаҳрсозӣ»-ро ғанӣ ва пурмазмунтар гардонанд.
Дар таҳияи мавод мутахассисони зерин саҳмгузорӣ намуданд:
Ниёззода Азизбек – сардори Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ғиёсов Далер – сармутахассиси Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мирзоев Мирзоумед - сармутахассиси Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.