22 апрел 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ: ВАЗИФАҲО ВА ДУРНАМО». Таҳти чунин унвон бо иштироки намояндагони Тоҷикистон ва Русия ҷаласа доир шуд

385
2 март дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, инчунин намояндагони ассотсиатсияву субъектҳои хизматрасонии ҳар ду ҷониб таҳти унвони «Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ: вазифаҳо ва дурнамо» ҷаласаи панелӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоя барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ фазои якхела фароҳам овардааст ва дар ин самт имтиёзу ҳавасмандгардонии зиёд низ муқаррар шудааст.

Инчунин суъбектҳои хизматрасони сайёҳии ватанӣ тариқи рӯнамо ба ҳамтоёни худ вобаста ба самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар мамлакат, аз ҷумла сайёҳии табобатию солимгардонӣ, экологию кӯҳнавардӣ, аграрӣ ва гастрономӣ маълумот доданд.
«ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ: ВАЗИФАҲО ВА ДУРНАМО». Таҳти чунин унвон бо иштироки намояндагони Тоҷикистон ва Русия ҷаласа доир шуд

Иштирокдорони ҳамоиш бо осори таърихию фарҳангӣ ва омилҳои рушди муосири Тоҷикистон, аз ҷумла зарфияти сайёҳӣ ва сармоягузорӣ шинос шуданд.


Дар идомаи ҳамоиш бо мақсади таҳкими робитаҳо ва табодули таҷриба миёни намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории минбаъда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия, аз ҷумла «Интурмаркет» ва «МИТТ» ширкат варзида, гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро бо маводи таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ ба бозори сайёҳии Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Федератсияи Русия дар қатори давлатҳои даҳгона аз лиҳози ташрифи бештари сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Бо мақсади рушди ҳамкории дуҷониба 17 апрели соли 2019 Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво