18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё интихоб гардид

197
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё интихоб шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

2 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар заминаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов Анҷумани 15-уми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё оғоз гардид, ки дар кори он роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бонуфуз аз давлатҳои АвруОсиё, аз ҷумла ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректор Қобилҷон Хушвахтзода иштирок доранд.

Дар қисмати аввали Анҷуман ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё аъзои нав қабул карда шуданд. Якчанд муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории дуҷониба ва истифодаи таҷрибаи пешқадам ба Ассотсиатсияи мазкур шомил гардиданд.

Дар ифтитоҳи Анҷуман Қобилҷон Хушвахтзода дар робита ба самтҳои гуногуни илмию таълимӣ ва саҳми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё дар рушди ҳамаҷонибаи донишгоҳҳои ҳамкор сухан гуфт.

Зимнан таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ рушди ҳамкорӣ дар самти табодули устодону донишҷӯён, ташкили ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти илму истеҳсолот ва навоварӣ, ба роҳ мондани низоми таълими 2+2, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, ташкили ҳамоишҳои эҷодӣ-таҳқиқотӣ миёни ҷавонон, омода намудани мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар низоми аспирантураву магистратура дар шакли 1+1 талаботи замони муосир мебошад.

Дар қисмати дуюми Анҷуман дастовардҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти таълим, илм, тарбия, муносибатҳои байналмилалӣ, ташкили кор, усулҳои идоракунӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ баён гардида, донишгоҳ ҳамчун муассисаи пешсаф муаррифӣ карда шуд.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ба ҳайси ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё интихоб шуд.

Зимни баргузории Анҷумани мазкур дар самти ҳамкории гуногунҷанбаи аъзои Ассотсиатсия ёддоштҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Аз ҷумла, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ректори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов Виктор Садовничий оид ба самтҳои мухталиф табодули афкор намуд. Дар зимн байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов бо мақсади рушди ҳамкории илмию таълимӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тазаккур дода шуд, ки имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 326 муассисаҳои илмию таълимӣ ва таҳқиқотии хориҷи мамлакат равобити мутақобилан судманд дорад.

Имрӯз, 3 март дар доираи баргузории Анҷуман дар пояи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов Форуми Донишгоҳи шабакаи АвруОсиё ба нақша гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки форум дар бахшҳои гуногун доир мегардад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво