«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имсол дар шаҳри Душанбе барои баргузории ин озмун беш аз ду миллион сомонӣ ҷудо мегардад
260
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 феврали соли 2023 барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт барои соли 2023 2 467 400 (ду миллиону чорсаду шасту ҳафт ҳазору чорсад) сомонӣ ҷудо мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи қарори мазкур, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни мазкур тасдиқ гардида, масъулини соҳа вазифадор шудаанд, ки баҳри дар сатҳи баланд доир намудани озмун тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бояд тазаккур дод, ки 2 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023 ба тасвиб расид. Ҳадаф аз он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони ммлакат мебошад. Соли равон ба Низомномаи озмун якчанд тағйиру навгониҳо ворид гардида, он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусияти синнусолӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад. Тибқи Амри Президенти Тоҷикистон, вобаста ба тағйироти воридгардида маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории озмун дар ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ зиёд карда шуда, дар маҷмӯъ 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомониро ташкил дод. АКС: АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |