29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз кормандони вазорату идораҳои дахлдор ба машқҳои пагоҳирӯзӣ ҷалб карда мешаванд

634
Имрӯз дар боғҳои фароғатии шаҳри Душанбе машқҳои пагоҳирӯзии кормандони вазорату идора, муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» доир мегарданд.

Тавре Каримҷон Салимзода аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, тибқи нақшаи тасдиқшуда, 5 май кормандони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дар «Боғи ҷавонон», Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар Боғи «Парчами давлатӣ», Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Боғи ба номи устод «Рӯдакӣ», Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Боғи ба номи «Садриддин Айнӣ», Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт, Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, иншооти варзишӣ ва сокинони маҳаллаҳои пойтахт дар майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо, майдончаҳои варзишии Муассисаи давлатии нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба машқҳои оммавӣ – варзишӣ фаро гирифта мешаванд.

Инчунин кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар боғу гулгаштҳо, майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо ба варзиш ҷалб карда мешаванд.

Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво