18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе доир ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор карда шуд

118
Дар Душанбе доир ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор карда шуд Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ оид ба заминаҳои ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Иброз карда шуд, ки бо қабул гардидани қонуни мазкур ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои Ватани маҳбуб дар қалби ҳамватанон боз ҳам баланд бардошта мешавад. Ин қонун мардуми ҷумҳуриро ба дӯст доштани марзу бум, Ватан ва давлат даъват менамояд.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват менамоянд, «мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем».

Ҳамчунин дар назди ҳозирин роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Вазорати маориф ва илм аз рӯи масъалаҳои рӯзнома сухан гуфтанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво