29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

613
3 майи соли 2018 ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ, директори Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Акрамов пешвоз гирифтанд.

Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 — 9 майи соли 2018 дар шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ҳисор баргузор гардида, аҳли фарҳангу ҳунари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотию аккосӣ, ғизоҳои миллии арабӣ ва филмҳои синамогарони хешро пешниҳоди тамошобинони тоҷик мегардонанд.

Тибқи иттилои манбаъ, 5 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти расмии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва ҳайати расмии ҷониби меҳмон доир мегардад. Баъди анҷоми мулоқот соати 10:30 нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар назар аст.

Худи ҳамон рӯз соати 16:00 дар фойеи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотию аккосӣ шурӯъ гардида, то анҷоми чорабиниҳо, яъне то 8 май идома меёбад.

Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 5 майи соли 2018 соати 17:00 дар толори театри мазкур сурат мегирад.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанг сафари меҳмонон ва баргузории барномаҳои ҳунарӣ дар шаҳрҳои Норак, Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дар назар аст. Инчунин меҳмонон бо табиати биҳиштосои Тоҷикистон шинос гардида, аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Қалъаи Ҳисор дидан менамоянд.

Инчунин 8 майи соли 2018 соати 9:30 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузории муколама дар мавзӯи «Ҷойгоҳи зан дар ҷомеаи Арабистони Саудӣ» ба нақша гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво