19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз байни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Сурия бозии дӯстонаи дуюм доир мегардад

158
Имрӯз байни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Сурия бозии дӯстонаи дуюм доир мегардадДар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2023 дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия имрӯз, 24 феврал бозии дӯстонаи дуюмашонро анҷом медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифта, соати 16:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

21 феврал бозии дӯстонаи якум байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд.

Вохӯрӣ бо пирӯзии дастаи Сурия – 1:0 анҷом ёфт

Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1 то 18 март дар Узбекистон баргузор карда мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) вомехӯрад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво