Тоҷикистон ва Туркия мубориза бар зидди терроризмро баррасӣ намуданд
388
20 феврал дар шаҳри Душанбе роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ доир ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, амнияти иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Туркия дар иртибот ба пайомадҳои фоҷиаи фалокатбори заминларза, ки 6 феврал дар ин давлат рух дод, изҳори ҳамдардиву таслияти амиқ карда шуд. Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Туркия аз рӯзҳои аввал соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, робитаҳои дӯстонаро барқарор ва ҳамкориро густариш додааст. АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |