25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Терроризм ва экстремизм: Зуҳуроти номатлуби аср ва доғи рўз

377
Дар кулли курраи замин инсонҳо ҳаққи зиндагии тинҷу оромона, хушбахтонаву хушҳолонаро доранд. Ҳеҷ ягон кинаву адоват, таҳдиду хатарҳои бадтинатон набояд онҳоро озурдаву сарсону саргардон намояд. Аммо чӣ кунем, ки рӯзгор на ҳамеша дар ихтиёри одамони хайрхоҳу дилсофу бериёст. Агар ба атроф нек назар намоем, ҳолатҳоеро мушоҳида мекунем, ки қувваҳои бадхоҳу зӯрманд авзои хуби ҷомеаро халалдор менамоянд.
Аз ҳодисаву рӯйдодҳои чанд соли гузашта маълум мегардад, ки бар асари буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷиҳати аз нав тақсим кардани ҷаҳон, инчунин, шиддат гирифтани низоъҳои диниву мазҳабӣ дар чандин кишварҳои исломӣ, амалҳои даҳшатбори террористӣ дар як қатор минтақаву кишварҳои сайёра вазъи ҷаҳони муосир боз ҳам мураккабу ҳассос гардидааст. Ин аст, ки дар олами кунунӣ хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгаро яке аз масъалаҳои мубрами сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии он тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза мекӯшанд. Ба ин маънӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон аст. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути амалҳои дигар бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи хешро муайян менамоянд.
Маълум, ки дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одамон ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар аксари мамлакатҳо халалдор гардидааст. Аз ин рӯ, дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию татқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи зишту нохуби иҷтимоӣ машғуланд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ, аслан, аз идеяи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Илова бар ин, экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Аз ин ҷост, ки таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.
Бояд иқрор гардид, ки экстремизм дар навъҳо ва шаклҳои гуногун - аз рӯйи мазмуни динӣ ва дунявӣ, аз рӯйи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ зоҳир мегардад. Нигоҳи ифротгароӣ хеле решаи чуқур дошта, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ва дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро низ эътироф намекунад. Терроризм низ яке аз шаклҳои мураккабтарини он ба ҳисоб меравад. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зӯрии канораю ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чунонки таҷрибаи мамолики гуногуни олам нишон медиҳад, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кӯшиши нобуд кардани рақиби худро менамоянд.
Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиеро, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида, таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем.Танҳо сулҳ ба ҳайси бузургтарин сармояи маънавии инсоният шароит ва имконият фароҳам меорад, ки аҳли башар бо ҳам дӯстона зиндагӣ кунанд ва барои худ муҳити орому осоишта бунёд намоянд. Маҳз ба шарофати сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати комил мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳ қариб як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонем, барои мардум шароити кору зиндагиро муҳайё созем ва раванди созандагиро оғоз намоем.
Бояд вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда шаҳрвандон, аз ҷумла, ҷавонони моро ҳушёр созанд, ки ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд ва Ватани азизамон – Тоҷикистонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд. Боиси таассуф аст, ки гурӯҳҳои ҷангҷӯи террористиву экстремистӣ ҳамроҳ шудани иддае аз ҷавонон ва фирефтаи таъсири исломи радикалӣ ва тундрав гардидани қисми дигари онҳо боиси ташвиш аст. Бино ба маълумотҳои оморӣ, садҳо нафар ҷавонони гумроҳу сустирода ва аз донишҳои муосир ноогоҳ ба сафи ин ҷангҷӯён ҳамроҳ гардида, як қисми онҳо дар ҷангҳо кушта ва асир гирифта шуда, қурбони сиёсати гурӯҳҳои тундрав шудаанд. Албатта, чунин тоифа одамон бо кирдорҳои нангини худ ба шаъну шарафи миллати куҳанбунёди тоҷик ва давлати тоҷикон иснод меоранд.
Ҳама огаҳанд, ки дар заминаи ихтилофоти диниву мазҳабӣ дар Сурияву Ироқу Яман садҳо нафар мардуми осоишта ҳалок шуда, амалҳои террористӣ дар Туркия ва як қатор давлатҳои Аврупо пайваста идома ёфтанд. Террористон худро мусулмон пиндошта, ба қалби мусулмонони бегуноҳ тир кушоданд. Ҳол он ки мусулмон тамоман чизи дигар аст. Чунин ҳолати ноором метавонад дар як лаҳза Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояашро фаро гирад. Чунин ҳодисаҳоро дар ислом фитна мегӯянд ва дар ин маврид Паёмбар (с) фармудаанд: «Фитна аз қатл шадидтар аст».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба масъалаи терроризм ва экстремизм таъкид кардаанд: « … террорист Ватан миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд».
Вобаста ба ин андешаи Роҳбари давлат бояд, ки ҷавонони даврони истиқлолият ба қадри сулҳу суботи пойдор бирасанд, зиёдаравӣ накарда, шукронаи Ватанро ба ҷо оранд, ба қадри ҳар ваҷаб хоки муқаддаси сарзамин расида, танҳо дар доираи қонун зиндагиву фаъолият кунанд сатҳу саводи дониш ва ҷаҳонбинии хешро баланд бардошта, Тоҷикистони маҳбубро бо тамоми муқаддасоташ ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд.
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди мардуми шарафманди мо маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Мутаассифона, баъзе аз гурӯҳҳои террористӣ, ки аъзоёни он бевосита дар Ҷумҳурии Тоҷикистони биҳиштосо ба дунё омадаву умре нону намаки ин мамлакатро хӯрдаанд, акнун имрӯзҳо бо мададу кумаки моддии хоҷагони зархаридашон ба сӯйи боғи ободи ин сарзамин сангандозӣ мекунанд. Аммо таърих гувоҳ аст, ки ин созандагиву ободкориҳо, ки дар кишвари азизамон идома доранд, ин гуна нотавонбинон дидаву дониста сафедро сиёҳ мегӯянд. Чунин амали зишти онҳо танҳо аз гумроҳиву нотавонбиниашон шаҳодат медиҳад. Хушбахтона, акнун халқи башардӯсти мо, сафедро аз сиёҳ дуруст фарқ мекунанд ва онҳо медонанд, ки чунин дасисаҳо имрӯз ё пагоҳ завол меёбанду душманони миллат шармандаву шармсор мегарданд. Кӯшиши беҳудаи онҳо мисли сурма кашидан ба чашми аъмост, ки фоидае надорад. Ба қавли Саъдии Шерозӣ:
Кас натавонад гирифт домани давлат ба зӯр,
Кӯшиши беҳуда аст сурма ба чашмони кӯр.

Ҳотами ҲОМИД




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво