26 май 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Гаага бахшида ба Конфронси оби СММ нишасти хабарӣ баргузор карда шуд

154
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Гаага бахшида ба Конфронси оби СММ нишасти хабарӣ баргузор карда шуд17 феврал дар шаҳри Гаага нишасти хабарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд бахшида ба омодагиҳо ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар нишасти хабарӣ таъкид гардид, ки ин муҳимтарин чорабинии байналмилалиест, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд Виллем-Александр раисӣ хоҳанд кард.

Дар раванди муҳокима паҳлуҳои мухталифи масоили марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳамияти хосса хоҳад дошт ва намунаи барҷастаи ҳамкории муассири як давлати болооб ва як мамлакати поёноби дар минтақаҳои гуногуни ҷуғрофӣ ҷойгиршуда дар ҳалли масоили умдаи инсоният хоҳад буд.

Дар брифинг сафирон ва ҳайати корпуси дипломатӣ, роҳбарон ва кормандони созмонҳои байналмилалии муқими Нидерланд, дастандаркорон ва коршиносони соҳаи оби кишварҳои аврупоӣ ширкат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво