28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

91
Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Таслияти амиқи маро дар робита ба талафоту ҷароҳат бардоштани одамон ва хисороти зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Дар ин лаҳзаҳои мушкил хоҳишмандам аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба тамоми пайвандону наздикони ҷонбохтагон суханони ҳамдардиву ҳамбастагӣ ва таманниёти шифои оҷилро ба осебдидагон бирасонед».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво