25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври аввали озмун оғоз гардид

345
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 16 феврал бо ширкати васеи омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантону докторантон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» оғоз шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Роҳбарияти Донишгоҳ таъкид намуд, ки бо ташаббус ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор карда мешавад.

Дар ҷамъомад аз иқдоми бузургу шоиста ва мондагори Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба китобхониву донишандӯзӣ ва омӯзиши таърихи миллати тоҷик ёдовар шуда, масъулин иброз доштанд, ки роҳандозии чунин озмунҳо дари ганҷинаҳои нуҳуфтаи илмро ба рӯи донишомӯзону муҳаққиқон боз менамояд.

Сипас, ҳайати ҳакамон, ки аз олимони соҳибтаҷрибаи соҳа иборат буд, муаррифӣ шуда, даври аввали озмун бо иштироки донишҷӯёни факултети забони англисӣ шурӯъ гардид.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»- ин арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва шинохти бештари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният мебошад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво