25 май 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Академияи идоракунии давлатӣ барои масъулини коргузории махфӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад

77
Дар Академияи идоракунии давлатӣ барои масъулини коргузории махфӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорадШурӯъ аз 13 феврал дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва амнияти техникии иттилоот» барои хизматчиёни давлатӣ- масъулини коргузории махфии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо давраи омӯзишии такмили ихтисос ҷараён дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Давраи омӯзиши такмили ихтисос то 18 феврал идома ёфта, аз рӯйи барномаи таълимӣ барои шунавандагон дар мавзӯъҳои мубрам ҷиҳати такмили малакаву маҳорати касбии хизматчиёни давлатӣ, яъне омӯзиши чорабиниҳои асосии ҳифзи сирри давлатӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин соҳа, мафҳум ва моҳияти амнияти иттилоотӣ, вазифа ва уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, ташкилот оид ба ҳифзи иттилоот, роҳҳои асосии таъмини низоми махфият, уҳдадорию масъулияти кормандони дорои рухсат ва сирри давлатии мақомоти давлатӣ ва ташкилот, тартиби махсуси таҳия, барасмиятдарорию фиристодани ҳуҷҷатҳои содиротӣ, тартиби махсуси барасмиятдарорию нигоҳдории ҳуҷҷатҳои воридотӣ, ташкил, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории онҳо дар парвандаҳо дар асоси феҳрист ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида мешавад.

Дар анҷоми давраи омӯзиши такмили ихтисос дар мавзӯи «Коргузории махфӣ дар мақомоти давлатӣ» ҳамоиш баргузор карда шуда, шунавандагони он соҳиби Гувоҳномаи хатми такмили ихтисос мегарданд.

АКС: Агентии хизмати давлатӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво