12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ФУРӮҒИ ОДАМИЯТ АЗ КИТОБ АСТ». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш доир карда шуд

288
14 феврал дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти унвони «Фурӯғи одамият аз китоб аст» ҳамоиш доир карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Зимни ҳамоиш ҷиҳати ҷалби васеи иштироки донишҷӯёну омӯзгорон, ташкил намудани ситоди донишгоҳӣ оид ба гузаронидани озмунҳо, таъмини адабиёти тавсияшаванда ба иштирокчиёни озмун дастурҳои амалӣ пешниҳод карда шуданд.

Дар ҳамоиш иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва баъзе мушкилоти довталабони озмун сухан гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони мамлакат имсол низ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

Вобаста ба ин, соли 2023 ба Низомномаи озмун якчанд тағйироту навгониҳо ворид гардида, он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусияти синнусолӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.

АКС аз Донишгоҳи давлатии Бохтар




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво