23 феврал 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд

264
Масъалаҳои ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии амалҳои номатлуб, шомил шудан ба гурӯҳҳои тундгарою ифротгаро, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо зимни ҳамоиши ҷумҳуриявии «Тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ-омили пешгирии падидаҳои номатлуби кӯдакону наврасон» баррасӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои кӯдакону наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳим тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Иштирокдорони ҳамоиш дар мавзӯи «Роҳҳои амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»», «Роҳҳои пешгирии шомилшавии кӯдакону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ», «Усулҳои пешгирӣ намудани кӯдакону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ», «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024», «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар пешгирии савдои одамон» маърӯза намуданд.

Ҳамоиши мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво