14 апрел 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Боздиди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ аз корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.”-и шаҳри Душанбе

175
Боздиди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ аз корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.”-и шаҳри Душанбе  Бо мақсади иҷрои дастуру тавсияҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки зимни вохӯрӣ бо Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ баён доштанд, Раиси Кумита якҷоя бо роҳбарони зерсохторҳои Кумита аз корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.”-и шаҳри душанбе дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ аз корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ ба Раиси Кумита иттилоъ дода шуд, ки дар корхона қубурҳои шишапластикии қутрашон 300 ва 3000 мм истеҳсол гардида, иқтидори солонаи он ба 150 км мебошад. Қубурҳои мазкур новобаста аз дарозӣ ва ҳаҷм хеле сабук буда, аз лиҳози насбнамоӣ ва истифодабарӣ хеле содда ва осон мебошанд. Ҳамчунин қубурҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар буда, оташбардор ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.

Боздиди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ аз корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.”-и шаҳри Душанбе


Қубурҳои шишапластикӣ дар соҳаи таъминоти аҳолӣ бо хатҳои оби тозаи ошомиданӣ, обёрӣ ва корезии шаҳри Душанбе татбиқ карда мешаванд. Маҳсулоти корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе, масолеҳи воридот ивазкунанда буда, ба буҷети кишвар низ таъсири мусбӣ хоҳад расонид.

Пас аз шиносоӣ аз фаъолияти корхона, Раиси Кумита дар назди масъулин оид ба омӯзиши шартҳои техникии масолеҳи воридотивазкунанда ва пешниҳоди он барои баррасӣ дар Шурои илмӣ-техникии Кумита вазифагузорӣ намуданд.

Боздиди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ аз корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.”-и шаҳри Душанбе




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво