6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаласаи васеъи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба таъмини зилзилатобоварии биноҳо ва иншоотҳо

299
Ҷаласаи васеъи  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти  геология,  сохтмони  ба  заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба таъмини зилзилатобоварии биноҳо ва иншоотҳоРӯзи 11 феврали соли 2023 ҷаласаи васеъи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба таъмини зилзилатобоварии биноҳо ва иншоотҳо дар толори Кумита баргузор гардид.

Дар маҷлис Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аминзода Пулод, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, кормандони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, конструкторон, лоиҳакашон, муҳандисони пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаи васеъи  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти  геология,  сохтмони  ба  заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба таъмини зилзилатобоварии биноҳо ва иншоотҳо


Ҳангоми баромади худ Раиси Кумита оид ба таъмини зилзилатобоварии биноҳо ва иншоотҳо, харитаи ноҳиябандии умумии сейсмикии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани корҳо оид ба ҷустуҷуиҳои муҳандисию геологӣ, назорати сифати сохтмони бинову иншоот, назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ, назорати муаллифӣ, назорати техникӣ, тағйирот дар меъёрҳо, ташкили озмоишгоҳи санҷиши мехсутунҳо, озмоишгоҳи сифати маҳсулоти сохтмони бино, интихоб ва ҳисоби конструксияҳо, назорати сифати сохтмони иншоотҳои шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо ба мутахассисон масъалагузорӣ намуданд.

Ҷаласаи васеъи  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти  геология,  сохтмони  ба  заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба таъмини зилзилатобоварии биноҳо ва иншоотҳо


Баъдан директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар, экспертони Кумита ба ҳозирин аз ҳодисаи рӯзҳои охир дар давлатҳои Туркия ва Сурия намоишнома пешниҳод намуда, дастуру тавсияҳо дода шуд.

Ҷаласаи васеъи  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти  геология,  сохтмони  ба  заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба таъмини зилзилатобоварии биноҳо ва иншоотҳо


Ҷаласаи васеъи  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти  геология,  сохтмони  ба  заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба таъмини зилзилатобоварии биноҳо ва иншоотҳо




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво