23 феврал 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Норак 20 корхонаи саноатию истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад

114
БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Норак 20 корхонаи саноатию истеҳсолӣ ба истифода дода мешавадБахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ҷиҳати саноатикунонии шаҳри Норак соли 2022 аз тарафи соҳибкорони шаҳр корхонаи истеҳсоли “Микросемент”, корхонаи истеҳсоли коркарди сангҳои ороишӣ, коргоҳи маҳсулоти маводи сохтмонӣ, коргоҳи истеҳсоли гаҷи картон ва коргоҳи истеҳсоли қуму шағал бо таъсиси 142 ҷойи кори доимӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Соли 2022 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2021 101,5 миллион сомнӣ зиёд мебошад. Чунин иттилоъ дода шуд ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва ба истифода додани 180 иншоот, аз қабили 8 адад бинои маъмурӣ, 8 адад муассисаи таълимӣ, 6 адад муассисаи табобатӣ, 5 адад майдончаи варзишӣ, 20 адад корхонаю коргоҳи саноатӣ ва 131 адад иншооти хизматрасонию сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз 30 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар 120 иншооти гуногун корҳои сохтмонию навсозӣ оғоз гардидаанд. Ҳамчунин дар корхонаи истеҳсоли хишти пухта корҳои тахту ҳамворнамоӣ иҷро гардида, насбу васли таҷҳизот идома дорад. Он дар кӯтоҳтарин муҳлат ба фаъолият оғоз менамояд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво