19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба сокинони Норак моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд

233
Ба сокинони Норак моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шудАъзои гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо кормандони ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ» вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.

Дар баробари тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон аъзои гурӯҳи корӣ ҳамзамон сокинонро барои дар рӯҳияи худогоҳӣ, шуҷоатмандӣ ва ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон, омода намудани онҳо барои адо намудани хизмати ҳарбӣ ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» даъват намуданд.

Зимни вохӯрӣ дар самти рушди соҳаи энергетика гурӯҳи корӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаи истифодаи самараноки қувваи барқ, баланд бардоштани маданияти истифодаи неруи барқ ва кам кардани талафоти он ҷалб намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво