22 апрел 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БАДАХШОН-ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди беш аз 1000 иншоот дар назар аст

606
БАДАХШОН-ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди беш аз 1000 иншоот дар назар аст Танҳо дар ду соли охир бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуданд ва имрӯзҳо дар вилоят корҳои ободониву созандагӣ идома доранд. Тибқи нақша, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди беш аз 1000 иншоот бо арзиши зиёда аз 1 миллиард сомонӣ ва зиёда аз 100 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешаванд, ки ба беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умедҷон Носирзода иттилоъ дод.

«Таҷрибаи давлатдории миллӣ нишон дод, ки миллати тоҷик баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии мамлакат ба марҳилаи рушди устувор қадам гузошт. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди тамоми самтҳои хоҷагии халқ, ободу зебо намудани шаҳру ноҳияҳо аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода мебарад.

Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ бо дастгириҳои давлату Ҳукумат ба корҳои неки созандагӣ, сохтмони иншооти таъйиноти гуногун ва амалишавии ҳадафҳои нек ноил гардида, сокинони сарбаланди вилоят дар фазои орому осуда зиндагии шоиста доранд»,-тазаккур дод Умедҷон Носирзода.

Бо назари неку хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айни замон дар дурдасттарин ҷамоатҳои деҳоти вилоят низ бунёди иншооти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасад.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба он таваҷҷуҳи хосса равона карда шуд, ин амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат ҷиҳати расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Сокинони Бадахшон марҳила ба марҳила дар ин ҷода қадамҳои устувор гузошта истодаанд.

Дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат дар Бадахшон амалишавии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар самти роҳу нақлиёт бо суръати баланд идома дошта, дар ин замина дар вилоят сохтмони 17 пул дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 20 млн доллар аллакай ба анҷом расидааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар бахши роҳсозӣ, таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди вилоят ва ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ бо ҷалби лоиҳаҳои маблағгузорӣ корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуданд. Яке аз иншооти муҳиме, ки дар тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми назаррас дошта, ин минтақаи мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, бо давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ пайваст намуд, ин кушодашавии шоҳроҳи Душанбе–Кӯлоб-Қалъаихумб-Рӯшон-Хоруғ-Мурғоб-Қулма мебошад.

Феълан таҷдиди роҳи Шкеф – Қалъаихумб ба анҷом расида, сохтмони қитъаи роҳ аз ноҳияи Дарвоз то сарҳади ноҳияи Рӯшон оғоз гардидааст ва лоиҳакашии роҳ аз ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон ҷараён дорад.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар раванди воридшавии вилоят ба марҳилаи нави рушд соли равон сохтмони пули мошингузар дар маҳаллаи Селхозтехника ва долонҳои зиддитармавӣ дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон низ оғоз мегарданд.

Тибқи нақшаи Ҳукумати мамлакат, дар доираи таҷлили сазовори 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди беш аз 1000 иншоот бо арзиши зиёда аз 1 миллиард сомонӣ ва зиёда аз 100 коргоҳу корхонаи саноатӣ дар назар аст. Аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғ бунёди беш аз 230 иншоот, ноҳияи Дарвоз- 103 иншоот, Ванҷ- 101 иншоот, ноҳияи Рӯшон- 150 бинои замонавӣ, Шуғнон- 312 иншоот, Роштқалъа- 205 иншоот, ноҳияи Ишкошим- 104 иншооти нав ва ноҳияи Мурғоб- 83 иншоот бунёд мешаванд, ки василаи хубе барои рушди инфрасохтори вилоят, шуғли домии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дар маҷмӯъ беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии мардум мебошанд.

Умедҷон Носирзода гуфт, ки «дар шароити зуд тағйирёбандаи ҷаҳон ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, хусусан истиқлоли комили миллӣ, суботи сиёсиву ваҳдати саросарии мамлакат бояд дар мадди аввал қарор дода шавад. Аҳли ҷомеа, хусусан олимону донишмандон, зиёиён ва омӯзгорону устодони соҳибмаърифатро зарур аст, то бо дониш, қобилият ва маҳорати баланди касбии хеш ин арзишҳои баланди миллиро ҳифз намоянду ба насли ояндаи мамлакат ҳамчун таърихи зинда ба мерос гузоранд. Имрӯзҳо дар фазои иттилоотии ҷаҳон бояд ҳар сокини мамлакат бо ақидаву андешаҳои асоснок муборизаи иттилоотӣ барад ва доир ба таърихи пурарзиши халқи тоҷик, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва ҳифз гардид, маводи таҳлилӣ манзур намояд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо истифода аз андешаҳои ғаразноки худ кӯшиш доранд фазои озоду ободи Тоҷикистонро халалдор намоянду бо истифода аз мафкураи ҷавонони Бадахшон ва дигар ҷавонони ноогоҳи мамлакат дастовардҳои арзишманди замони соҳибистиқлолиро нодида гирифта, нисбат ба давлатдории муосир ва Ҳукумати мамлакат дар шабакаҳои иҷтимоӣ дурӯғу буҳтон паҳн намоянд. Ин амали ноҷавонмардона, албатта, бар зарари худи онҳо хоҳад буд. Чаро, ки онҳо имрӯзҳо дар кишварҳои бегона бо пули ночиз нангу номус ва шарафи миллии худро ба фурӯш гузоштаанд».

Ҳамсуҳбати мо бар ин бовар аст, ки то таҷлили 35- солагии Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон боз ба дастовардҳои аз ин ҳам бузургтар ноил гардида, ба яке аз давлатҳои тараққикардаи минтақа табдил меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво