БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Корхонаҳои саноатии Хуҷанд соли 2022 ба маблағи беш аз 1,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
210
Соли 2022 аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1 миллиарду 702 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 262,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои нави саноатии шаҳри Хуҷанд шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи нави ҶДММ «Азия Политекс» барои истеҳсоли халтаҳои гуногунҳаҷм пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1,6 га бунёд гардидааст. Маблағи сармоявии ширкат 2,5 миллион доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила то ба 10 миллион доллари ШМА расонида мешавад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали он беш аз 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд. Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азия Политекс» иттилоъ доданд, ки таҷҳизоту техникаи зарурӣ аз хориҷи мамлакат ворид ва насбу васл гардид. Дар айни замон дар корхона марҳилаи санҷишӣ ва омӯзиши коргарон оғоз ёфта, корхона метавонад дар як моҳ 15 ҳазор дона халта истеҳсол намояд. Тазаккур дода шуд, ки бо Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди корхонаҳои нав таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, бо дастгириҳои давлатӣ соҳибкорон дар саноатикунонии мамлакат саҳми назаррас гузошта истодаанд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи «Темурмалик»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми муассисони ҶДММ «Папириус» сохтмони корхонаи коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ бомаром идома дорад. Иттилоъ дода шуд, ки ҷамъият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ ояндаи наздик коргоҳи бузурги коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонад, ки он пурра воридотивазкунанда буда, талаботи рӯзафзуни аҳолиро ба ин намуди маҳсулот то қадри имкон қонеъ менамояд. Ояндаи наздик баъди ба истифода додани корхона намудҳои гуногуни дафтар ва дигар анвои ашёи хониш истеҳсол карда мешаванд. Бояд гуфт, ки соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд 40 корхонаи хурду миёнаи нави саноатӣ бо фарогирии 289 ҷойи кор таъсис дода шуд. Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр ба хориҷи мамлакат ба ҳисоби 389,5 миллион сомонӣ молу маҳсулот содирот карданд. Соли гузашта 94 корхона асосан маҳсулоте истеҳсол намуданд, ки қаблан аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд. АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |