25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд Мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ бунёд мегардад

303
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ сохта ба истифода дода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.

Бинои мактаб аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои кории маъмурият, пизишкон, мураббиён, ҷойи оббозӣ, ҷойи либоскашӣ ва толори маҷлисгоҳ ҷойгир карда мешавад. Дар саҳни бино майдони камонварии тобистона сохта хоҳад шуд. Дар ошёнаи дуюм толори варзишӣ барои гузаронидани машқҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо оид ба камонварӣ, толори либоскашӣ ва ҳуҷра барои нигоҳ доштани таҷҳизоти камонварӣ ҷойгир карда мешавад.

Мактаби варзишӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»–и шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, варзишгоҳи бузургтарини вилоят ба ҳисоб меравад. Қасри варзишӣ, маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ ва майдонҳои теннис низ дар наздикии варзишгоҳ мавҷуд мебошанд. Бунёди боз як иншооти нави варзишӣ дар маҷмуъ барои мусоидат ба рушди соҳаи варзиш дар вилоят пешбинӣ шудааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво