2 апрел 2023, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ду ихтисоси нав ҷорӣ карда шуд

78
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ду ихтисоси нав ҷорӣ карда шудБо назардошти раванди рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат, талаботи муосири бозори меҳнат ва таклифу пешниҳоди кордиҳандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли сипаригардида дар донишгоҳ ду ихтисоси нав- «зеҳни сунъӣ» ва «баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат» ҷорӣ ва соҳиби иҷозатнома гардида, аз сентябри соли 2022 ба курси аввали ихисосҳои нав донишҷӯён қабул гардиданд. Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон дар ин хусус иттилоъ дод.

Номбурда доир ба фаъолияти донишгоҳ дар соли гузашта, сатҳу сифати таълим, раванди корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи амалии онҳо, тақвияти базаи моддию техникӣ, истифодаи техникаи иттилоотию коммуникатсионӣ, бозомӯзии касбии кормандон ва ҳамкории байналмилалии донишгоҳ ба хабарнигорон гузориши муфассал дод.

Мавсуф иброз дошт, ки «ҳоло дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки яке аз донишгоҳҳои калидӣ дар самти омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ барои рушди соҳаҳои саноат, технология ва дар маҷмӯъ бозори меҳнати мамлакат маҳсуб мешавад, 8 факулта, 20 кафедра, 2 марказ, инчунин филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара ва Литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият доранд. Дар донишгоҳ 255 гурӯҳи академӣ мавҷуданд, ки таълим дар 172 гурӯҳ ба забони тоҷикӣ, дар 79 гурӯҳ ба забони русӣ ва дар 4 гурӯҳ ба забони англисӣ мебошад. Инчунин дар шашмоҳаи аввали соли таҳсил тадриси 400 фанни таълимӣ ва дар нимсолаи дуюм 336 фанни таълимӣ пешбинӣ гардидааст».

Таъкид гардид, ки роҳбарияти донишгоҳ ба ҷобаҷогузорӣ ва бозомӯзии кадрҳо, раванди таълим, хусусан баланд бароштани сатҳу сифати он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 178 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 12 нафарро докторони илм ва 100 нафарро номзадҳои илм ташкил медиҳанд. Ҳиссаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар донишгоҳ ба 62,9 фоиз баробар мебошад, ки ба талаботи меъёрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво