ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Деҳқони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Қубодиён Азамат Абдураҳмонов ба ҳамдеҳагонаш ташкили дурусти гармхонаҳоро меомӯзонад![]() ![]() Гармхона дар майдони 1 га бунёд гардида, бо технологияи муосири парвариши сабзавот таъмин мебошад. Дар айни замон дар гармхона 30 ҳазор бех ниҳоли помидор дар давраи гулкунӣ қарор доранд. Дар он вобаста ба мавсим то 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб мегарданд. Мавриди зикр аст, ки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Қубодиён зимни шиносоӣ бо фаъолияти гармхона ва таҷрибаи кишоварзии Азамат Абдураҳмонов, ки бо маҳсулоти тару тозаи гармхонаи наздиҳавлигии худ дар фаровонии бозорҳои дохилӣ саҳм мегузорад, баҳои баланд дод. Ба Азамат Абдураҳмонов пешниҳод карда шуд, ки бунёди чунин гармхонаҳоро зиёд ва ин таҷрибаро дар байни ҳамдеҳагон тарғиб намуда, тавсияҳо диҳад то онҳо ҳам тавонанд гармхонаҳо бунёд карда, заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода намоянд. АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |