28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ беморхона ва муассисаи таълимӣ бунёд мешаванд

349
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар маркази ноҳияи Мастчоҳ беморхона ва муассисаи таълимии сеошёна барои зиёда аз ҳазор хонанда ба нақша гирифта шуда, сохтмони онҳо дар семоҳаи аввали соли равон оғоз мегардад. Дар ин хусус 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода иттилоъ дод.

Дар нишаст гуфта шуд, ки нишондиҳандаҳо дар ҳама самтҳо, аз ҷумла бунёди иншооти гуногуни хизмативу ҷамъиятӣ, рушди энергетика, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмон, рушди инфрасохтор ва нақлиёт, рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррас мебошанд.

Соли 2022 корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 318 млн 253 ҳазору 800 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 43 млн 395 ҳазору 800 сомонӣ зиёд буда, 115,8 фоизро дар бар мегирад.

Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ба 1 миллиарду 417 миллиону 426 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 2021 зиёда аз 190 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, 115,5 фоизро ташкил додааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво