16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ТОҶИКИСТОН-ГАВҲАРИ КАШФНОШУДА ДАР САМОИ САЙЁҲӢ». Дар Душанбе Форум ва Намоишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ доир карда мешаванд

198
«ТОҶИКИСТОН-ГАВҲАРИ КАШФНОШУДА ДАР САМОИ САЙЁҲӢ». Дар Душанбе Форум ва Намоишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ доир карда мешаванд Соли равон дар Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – 2023» Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад. Инчунин таҳти унвони «Тоҷикистон — гавҳари кашфношуда дар самои сайёҳӣ» Намоишгоҳи байналмилали сайёҳӣ доир карда мешавад. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Форум ва Намоиши мазкур 1 феврали соли равон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи тадорукот баргузор гардида, дар он вазифаҳо барои ташкил намудани чорабиниҳои банақшагирифта муайян карда шуданд.

Гуфта шуд, ки форум ва намоишгоҳи мазкур ба рушди ҳамкории мутақобила байни мамлакатҳои иштироккунанда дар самти сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Инчунин онҳо барои ҷалби сайёҳон аз давлатҳои иштироккунанда, мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконоти сайёҳии табобатию экологӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, арзёбии сафар ва саёҳат ба Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, таҳким ва банақшагирии ҳамкории муштарак байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва байналмилалӣ имконоти васеъ фароҳам меоранд.

Баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон ҳамчунин барои муаррифӣ ва ташвиқу тарғиби зарфияти сайёҳии ҷумҳурӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ, мутобиқгардонии хизматрасонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон, таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвият додани ҳамкорӣ байни мақомоти сайёҳӣ ва бахши хусусӣ имконияти хуб маҳсуб мешавад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво