29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Соли 2022 бори аввал дар Тоҷикистон Бозиҳои Делфӣ баргузор гардид»,- бардошт аз нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг

195
«Соли 2022 бори аввал дар Тоҷикистон Бозиҳои Делфӣ баргузор гардид»,- бардошт аз нишасти матбуотии Вазорати фарҳангСоли 2022 бори аввал дар Тоҷикистон Бозиҳои Делфӣ баргузор гардид, ки дар он тақрибан 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз давлатҳои ИДМ иштирок намуданд. Ин матлаб имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар соли 2022 баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар нишаст тазаккур дода шуд, ки ба ҳайати ҳакамони Бозиҳои Делфӣ зиёда аз 30 нафар рассомон, профессорон ва докторҳои санъатшиносии ИДМ дохил гардида, довталабон аз рӯи 10 номина — фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии бадеӣ, созҳои нафасӣ ва сарояндаи анъанавӣ, сарояндаи эстрадӣ, рақси халқӣ ва созҳои халқӣ маҳорат санҷиданд.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 дар хориҷи мамлакат якчанд чорабиниҳои сатҳи баландро доир намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва Туркманистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар ин сол инчунин, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво