29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАСТОВАРДИ ФАРҲАНГӢ. Хонандагони шаҳри Душанбе дар Олмон сазовори Гран-при ва ҷойи якум шуданд

261
ДАСТОВАРДИ ФАРҲАНГӢ. Хонандагони шаҳри Душанбе дар Олмон сазовори Гран-при ва ҷойи якум шуданд Хонандаи Муассисаи давлатии «Мактаби мусиқии бачагонаи 3-и ба номи А. С. Ленский»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Муаттар Маликова дар онлайн-озмуни байналмилалии «Дунёи маҳорат» («Мир талантов»), ки дар Олмон баргузор шуд, дар байни 600 нафар иштирокчӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо навозиши асбоби аврупоии «Фортепиано» соҳиби Гран-прии озмун гардид. Дар ин озмун хонандаи дигари ин муассиса Гулнора Низомова низ иштирок карда, сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори муассисаи мазкур Абдусамад Акрамов хабар дод.

Дар озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва ташкилкунандагони он ба омӯзгори муассиса Фирӯза Қосимова «Сипоснома» тақдим карда шуд.

Инчунин хонандаи муассисаи мазкур Муаттара Маликова моҳи январи соли равон дар онлайнозмуни 7-уми байналмилалии мусиқии (cantabile)-и Ҷумҳурии Туркия соҳиби ГРАН- прии озмун гардида, омӯзгори муассиса Фирӯза Қосимова бо «СЕРТИФИКАТ» қадрдонӣ гардид.

Мояи ифтихор аст, ки Муаттара Маликова аз 6 то 13 январи соли равон дар Озмуни байналмилалии шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия низ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид. Омӯзгори ӯ Фирӯза Қосимова бо унвони «Беҳтарин омӯзгор» қадрдонӣ карда шуд.

АКС: Муассисаи давлатии «Мактаби мусиқии бачагонаи 3 ба номи А. С. Ленский»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво